Соли 9999, ё афкори «падарони миллат»


        
                        
                                    Соли 9999, ё афкори «падарони миллат»
                                                               (гротеск)
                                                                           Дӯстам Д. З. Ҳини сӯҳбате Шумо бигуфтед ки
                                                                           баҳри чӣ тоҷикон рӯҳияи озодпарастиро доро
                                                                           нестанд? Агар “падарони” ин миллат афкори
                                                                           ғуломонаю ҷаҳонбинии гедонистонаро чун
                                                                           барномаи ҳаётии хеш пазируфтанд, вой бар
                                                                           ҳоли тудае, ки зи паси онҳо равон аст!
                                                                           Бикушидам, ки дар ин навиштаҷот он
                                                                           афкорро тасвир бинмоям. Шумо форсиро хуб
                                                                            медонед ва он микробро бе зарабин ҳам хоҳед дид.

   Раискунанда бо ангуштонаш ба микрофон зада толорбудагонро зи олами хобҳои ширину гуворо берун биовард:
- Рафиқо, хобам бас будагист, болиштоя як сӯ монетону камтар кор кунем. О, рӯз бегаҳ шуд,тиливизорба чиза нишон метейем? Боз демократо нагун, ки коммунисто муфтхӯру ховолуди бисёра ҷам карден. Аз болои плон бояд мо масъалаи “Амали гардидани баъзе моддаҳои қонуни забони давлатия” дида мебуроем. Марҳамат, касое, ки фикру пешниҳод доран, ба микрофон наздик биён. Худотона шинос намудана а есотон набурод. Боз депутат Буйдимоғов барин ба ҷойи худотон занотона шинос накунетон.
   Микрофони 1: Депутат аз ҳавзаи 9991, Матусевич - Михайловский - Туфтаулин. Рафиқо, шумо медонед, ки мо вақташба чунон дӯстона зиндагӣ мекардем, ки мардуми тамоми дунё ҳасад мебурд. Пас аз кор ҳамакаса рост пивохонаба рафта дар бораи дӯстии халқҳо, ояндаи дурахшони коммунизм, ҳарф мезадем, баҳсҳои доманадор ташкил мекардем. Баъди қонуни ғайриқонунӣ маҷбур шуданд, ки пивохонаҳоя банданд, чунки мардуми  меҳнаткаш аз тарса унҷаба намедаромад, то забони давлатикатӣ қарорҳои съезди ХХVII ро аз ёд намегуфтӣ, пива намерехтанд. Як рӯз гӯед, чанд нафар ҳамкоронамон пас аз заҳмати зарбдор ба шаҳр мебуронд. Ногаҳон қазои ҳоҷаташон мегираду ба ҷойи зарурӣ мераванд, мебинанд, ки “ҳоҷатхона” навиштагӣ, гумон мекунанд, ки “меҳмонхона” аст намедароянду ба дигар сӯ медаванд, мебинанд, ки боз “ҳоҷатхона“ навиштагӣ, ба самти сейум медаванд, ки дар шалворашон тар мекунанд. Бечораҳо аз шармандагӣ маҷбур шуданд, ки ба дигар кишвар кӯч банданд. Ана ба чӣ оварда мерасонад, зарари қонуни аҳмакона!
   Микрофони озод: Депутат аз ҳавзаи 9995, Маълим, имрӯз бегоҳӣ ужинба шашлик мешавад ё не? О, то кай оши оши палав мехӯрем? Аз комиси элаки (этикаи) депутатӣ талаб мекунам, ки делаи ҷиноятии депутат 7999- а сручна дида бурон. Ҳамин саҳар то мо омадана завтраки моя паққос карда задаст. Садқаи номи баланди депутатӣ шаве! Ошқазонат асло рӯйи серию пурия набинад! Ба коммунизим нарасида мурдета буроранд.
   Микрофони 2: Депутат аз ҳавзаи 9993, Қуюқбердӣ Суюқбердиев. Ҳамин рафиқо гӯед ин закун нашуду як бало шуд. Ман гӯед, қариб 399 бой додам. Обед гӯйи 1 сӯм парто, неужели гӯйи 1 сӯм парто, астановка гӯйи 1 сӯм парто, мароҷни гӯйи 1 сӯм парто. О, ин чӣ гап мардум? Як закунчи дар қишлоқи мо аз иштарофои ҷам кардагеш ду бор зан гирифта се бор мошин хариду як маротиба ҳаҷба рафт. Рафиқо, чунин закуни противи одами обшестваи коммунистӣ коркунада мо ба лозим нест!
   Микрофони 3 Ҳавзаи 8999, депутат Ғуломқул Бӯсамулоимов. Бародаро, ин чӣ хиёнате буд, ки нисбати бародаронамон раво донистем. Акнун бечораҳо маҷбуранд дар ошхонаю нонхона, самбӯсахонаву каллатарошхона, оғилу коҳдон ба забони давлатӣ гап зананд. Канӣ мантиқ? Охир, мо давлат надошта читу забони давлат дошта метонем? Забони давлат забони онҳое шавад ки соҳиби давлатанд. Мо бояд шукр гӯйем, ки бародаронамон иҷозат медиҳанд, ки бо забономон гап мезанему ашула мехонем. Мо то чӣ дараҷа қонунҳои бародария вайрон сохтем, ки дар сафи вазирон мо ягонта намояндаи қабилаи апачиҳои ҳинду нест. Ҳоло он ки дар кишвари мо 3,7 нафар апачиҳо зиндагӣ мекунанд. Куҷост адолат? Қонуни моба навиштагӣ ку: мо мустамликаи бисёрмиллат. Чиба тоҷикҳо70 фоизи халқа ташкил медоденд? Ман аз ҳукумат талаб мекунам, ки шумораи тоҷикоя ба 1 фоиз расонида шавад, чунки дар республикаи мо одамони 100 халқ зиндагӣ мекунад. Намояндагони ҳар халқ аз 1 фоиз зиёд набошад, вагарна қонуни интернасионализими сотсиалистӣ вайрон мешавад. Чунин қонунҳои бародарҷудокунанда мо ба лозим нест! Нест бод душманони хунхори таълимоти интернасионализим, ки сафҳои моя рахна карданианд! Зинда бод забони интернасонализим, ки тамоми дунёя Калашникуфкатӣ гирифт!
   Микрофони 4: Ҳавзаи 7999, депутат Қ. Қ. Усманигоҳов. Маълим, ҳамин ҳам инсоф шуд мӣ, депутат 9990 С. С. Суюнкадуев болишти мана дуздидааст? О, худотон гуед дар чунин шароит пурмаҳсул кор кардан мункин? О, прикурор кӯҷоба нигоҳ мекунад? Чиба мо вая прикурор назначат кардем. Ба завхоз приказ дода шавад, ки барои меҳнати зарбдоронаи депутатҳо срочна чортагӣ болишту дутагӣ пашшакишгӯй ҷудо кунад!
   Рафиқ Усманигоҳов, пешниҳодатон ҷудо ҳам зӯр, сесияи навбатия пурра ҳамин темаба мебахшем. Як гурӯҳ рафиқоя барои омӯзиши маишати депутатҳо ба парламенти Конго мефристонем.
   Микрофони 5: Ҳавзаи 5999, депутати халқ Чуғзҷорӯб Ҷойгаҳдарозов. Рафиқо, имрӯз Чехословакия, Венгрия, Албания, Полша, Германия, Руминия, Югаславия, Болгария бо боварии том ба сӯйи коммунизим қадам мезананд. Ҳоло Эфиопия зеби Африка гардидаасту аз Кубаи фурӯзон Америкаи бодича дар тарс аст. Нигарагуаи сотсиалистӣ бо роҳбарии коммунист Даниэл Ортега Америкаи Лотиниро мафтуни худ кардааст. Дар Осиё Сингапуру Япония бо ҳасуд ба Ветнаму Кореяи коммунистӣ менигаранд. Зинда бод сохтори мо ва идеяҳои абадзиндаи мо! Колхози мо ба номи Рудакӣ, ва ин одам баҳри ғалабаи коммунизим дар мамлакати мо ҳисса нагузоштаасту аҷоиб ки узви ҳизб ҳам набудааст. Бинобарин аз сардорони давлат илтимос мекунем, ки номи колхоза ба номи коммунистӣ асили румин Николай Чаушеску гузоранд! Чунки ин мардак Руминияро ба саробӯстони Европа табдил дод. Зинда бод дӯст ва бародари мардуми мо Николай Чаушескуи азизу меҳрубон!
   Микрофони 6:Депутат аз ҳавзи чуқуриаш 3999 метир. Маълим! Ҳамин ҳам зиндаги шуд мӣ? Мо ду ҳафта шуд ки аз занак ҷудо, як кас нест, ки лоқу пара шуйяд, ягон заҳру зақум пазад. О, мо чиба депутат шудем! Ба раиси  комиси оши палав ҷону ҷигар Янгамулло Бемаҳсиев супориш дода шавад, ки муҳонба яктагӣ зан ёфта тед. Мана муллоҳомон ҳаст, чорта куфу суф мекунад, коро мешад панҷ. Барои чӣ набошад вайя мо кармушки депутатиба роҳ додем?
   Рафиқо, бисёр моддӣ қонун равшан шуд, бинобарин уртоқои дар таги микрофон хоб рафтагӣ фикрошон ихтисор карда гунд, ки вақти ужин шуд.
   Микрофони1: Ҳавзаи 9998, Саломуалейкқулов Қулқулбердӣ. Рафиқо, гӯйед ҳамин вақто ҳар хел газито пайдо шудас. Наход рафиқои масъул нафаҳмида ҳамин корои бемазаба иҷозатошонана тен? Як рӯз гуед, як газит ба номи “Чироғи рӯз” дастамба даромад. Рӯзойи мо бе ҳаминам равшан.Чӣ даркор боз як чироғи зиёдатӣ? Ҳамиқа геса мо чува сохтем? Барои вай ки рӯзомон равшан шаваду тезтар сари дастархони коммунизимба шинему чорта дами беғам занем. Не, агар овеш камӣ кунад, ана даҳта атомеша месозем. Ду рӯз пас мебини ки олам гулистон шуд. О, ҳамун Дадаҷон Атоуллоба чӣ намерасад, ки рӯйи одамони калонба медавад? Як одами муборака гуфтаас, илоҳӣ ришад сӯзад, чироғама пуф накун. О, вай бечора чироға пуф накунад, ки вайба пул метеду бачу качаша кӣ мехӯронад? О, давлат пул сарф карда вайя чироғпуфкуниба хононд. Пойи мубораки ҳамун кас буд ки чан чироғои зиёдати пуф кардем, набошад пажар мешуд. Чува муҳон қадри ҳами хел одамойи муборакба намерасем, ун кас ҳаминқа чироғпуфкуна ба воя расониданд, ки ҳамаҳошон якбора пуф кунанд дар олам ягонта чироғи даргирон намемонад! Хоксорешона намегуйед, ҳолийям корба харсувор рафта мебиёнд. Хар монда шуд, полонаша пушти шогирдошонба мезанан, то ки кора ёд гиран. О, ҳамун Атоуллоюф бачи гапдарою аҳл мешуд, ҳоли истарший карректори газети баобуруйамон “Овози дарбор” назначат мекардем. Аз буромадош гумон мекардам, ки вай ягон одами девсар будагис, барои ҳамин калонҳо аз вай метарсану ҳичӣ намегӯнд. Як рӯз дар кӯча нишон доданд, ҳуш аз сарам парид, як бача борин будас. Мо ҳаминқа, милиса, суд, пракурору дигарошба барои чӣ пул метем? Неужели зурушон як бачаба нарасад. Мувофиқи талаби меҳнаткашон ҳар сол ҳаминқа зиндонҳо мекушоем, наход барои Атоуллоюф ҳамунҷаба як ҷой  ёфт нашавад? Аз ҳукумат талаб менамоем, ки касе ки “Чироғи рӯза” хонад, ҳафтоду панҷ чӯб зада ба муҳлати се сол ба пахтазор бадарға карда шавад! Ман аз ҳукумат илтимос мекунам, ки ба коммунистоне, ки дар пуф кардани “ Чироғи рӯз” фаъолона  иштирок карданд, звани “Артисти халқӣ” номошонба яктагӣ тамокузор монда шавад.
   Микрофони 2: Оғилбердӣ Қоқбуғуров, 2999. О, мурад ҳамин зиндагӣ, наход бе забони давлат зиндагӣ нашавад? О, ишкам сер бошад,шуд! Ҳамин забони давлата кӣ уй карда баромадас? Маълим, наход шумо борин олими олимҳо нафаҳмед, ки сизони пахтаба анкитод гуфта, димоғоя чоқ карда шиштана фоидеш нест! О, шоиро гуфтан ку: обурӯйи миллат аз пахтазор шавад фузун. Як отарчи худомон мехонад ку дар хориҷа дӯстон пеш аз салом бо тоҷик зи пахта пурсон мешаванд. Ман таклиф мекунам, ки пленум пӯшида шаваду дарҳо кушода!
   Микрофони 3:Ҳавзаи 9994, Шалғамой Коҳбуттаева. О, маълим, муҳон гов меҷӯшем, ягон зувони давлатӣ лозим набуд. Бечораҳо не нагуфта ширу қаймоқ медоданд. Ана бади зувони давлатӣ шудан, ҳами говҳо корпартоӣ кардан, мегун ки агар зувони муҳона давлатӣ накунето дига ширу чакка наметейм. Бечора раису партургамон аз қаймоқхӯрӣ мондан, як моҳ шуд ки  касал хов. Говдухтур гуфт ки пивахӯриба гузаретон, набошад ҳардуҳотона гӯштба месупорам.
   Микрофони минбар:9997, Қароев Қаро Қараевич. Мо тимсоҳпарварони фермаи қутоспарварии ба номи Лисенко, совхози Каганович,участкаи Берия, одели НКВД, бо сари баланд ба партияи ҷоноҷон мегуйем ки мо плонота буд мекунем, ту баҳузур хов рав! Ҳоло колхозчиёни мо, аз асарҳои оламшумули “Замини корамшуда”, “Замини шӯрзада”, “Замини хӯрд”, “Замини калон”, “Замини худомон”, “Замини партия”, “Замини интернасионализм”, “Замини марксизим”, “Замини сотсиализм”,“Замини коммунизм”, илҳом гирифта бо боварии коммунистона ба сӯйи коммунизм қадам мезанем, худо хоҳад, то пленуми навбатӣ вайба мерасем. Мо колхозчиҳоба ваъда додем ки рӯзи ба коммунизм расидан, ба ҳар як оила як ҷуфтӣ калӯш хоҳем дод. Мо хурсандем, ки одамони мо нисбати мамлакатҳои зӯртарини дунё Суринама, Зимбабе даҳ баробар зиёд нону чой, қаламфуру намак истеъмол менамоянд. Зинда бод падари бузургвори мо, ғамхори имрӯзу фардои мо Лион Илич Бирежнови азиз! Халқи тоҷик катагӣ мекунад, ки шумо борин оти ғамхору меҳрубон дорад! Илоҳӣ ба ҳазор дароеду урдунҳои нагирифтагетона гиред!
   Микрофони озод: Депутати халқӣ аз ҳавзаи 9996, ки мардум бо як овоз интихоб намудааст. Суқурнорқулмуродбек Самаднуриддинбекзодаев. Муаллим, шумо бояд донед ки депутат ин обуруйи эътибори халқ аст. Халқ мефахрад, ки мо борин роҳбарони бузург дораду бо як овоз моро падарони миллат мегӯянд. Вақте ки ман бо ГАЗ 31 ба сафар мебаромадам, халқ гуфт ки “Раисобобо, наход шумо борин шахси дар тамоми ҷаҳон машҳур бо ҳамин хел мошинча гардед. Мо шумоя депутатиба пешбарӣ намудем, то ки ҳукумат ба фарзанди бообурӯяш ҳеҷ набошад, ГАЗ 14-и Бирежнов борин диҳад. Бояд шумо, мегӯянд, бо он обурӯйе, ки доред “роллс ройс” сувор шуда гардед. Агар ин талаб халқ фаврӣ иҷро карда нашавад, ман маҷбур мешавам, ки ба ООН муроҷиат намоям.
   Микрофони 4: Депутат Абдулҳамидқул Суюнбердиқул ҳавза 3999. Маълим, ҳамин кадом як одами беинсоф шери “А хови гарон хезетона” китов карда буровардас. Пеш мардума хар борин кор мефармудӣ, ғингӣ намегуфт. Ҳозир демократа бину растахеза бину ҳизби исломеша бину. Мардума шӯр меандозанд, ки пахтеш зарар дорад, тамокуш заҳр дорад, халқ сарҳисобаша гум кардас. О, хотирамба ҳаст ду сол пеш занакҳои буғуз даруни тамоукуба бача мекарданд, як кас бингӣ намегуфт. Бинобар ҳамин ҳамчун коммунист хоҳиш мекунам ки китоби “Аз хови гарон хезетона” сӯзонда шавад. Ба шоирои дарбор фармон дода шавад, ки шери “Ба хови гарон раветона” нависанд, набошад ин халқа идора карда намешавад.
   Микрофони 5 : Депутат, депутат, чӣ буд? Ҳа, Суфтамиён Сухансуфтаев. Раисбова, гуед ҳавзомон нест. Тақсир, ҳамин кадом одами беинсофу нотавонбин телевиднея ҳаминҷаба роҳ дод.О, телевидне лозим бошад, рафта хонаҳошона тамошо кунанд.Тақсир, вақте ки мо сар хорем, пинак равем дарав моя нишон метен. Як рӯз гуйед, хуб кайф карда як ишкам гӯштбирён задем, нав дандоноя кофтем, ки алакай моя нишон доден. Хона равем, занак мо қати ҷанҷол бардорад мешавад мӣ? Дар хона гӯшт нею шумо унҷаба ошқазонатона аз гӯшт пур карда гаштед мегӯяд. Ман таклиф мекунам, ки телевидния пеш карда шаваду ба ҷош патифону магнитафон монда шавад.
   Микрофони 6 : Депутат Милламулойимов Бердиқусур, ҳавзамон 0999. Маълим, наход барои ким кадом забони форсӣ шуда як одамойи чор кас медидагӣ ҷанҷол карда шинем? Наход номи ягон мамлакати худомон борин ёфт нашуд, ки номи халиҷи Форса мондем? О, халиҷи Форс мамлакати мусулмон ку? Ман таклиф мекунам, ки номи забона ба номи Эфиопия монда шавад, чунки тарзи ҳукуматдориамон аз ҳама ҷиҳат вайоба монанд.Унҷаба коммунизим ғалаба кардас мегун. Дина як хешомон а ҳамунҷа як ҷуфт калӯши чорум овард. Лақида шиштан бас! Вақти ужин гузашт! Маърӯзаҳо адо карда шавад! То кай гапи демократба даромада ишками халқа ба лашу луш пур мекунем. Пеш аз ҳама ошқазонаша пур куну баъд чӣ қадар хоҳӣ, кор фармудан гир, бингӣ намегуд, халқам як пода борин чиз...
   Рафиқо! Суханони  Милламӯлойимов ҷудо ҳам туғрӣ, хоҳишмандоне, ки тарафдори соли 9999 ум амалӣ шудани баъзе калимаҳои моддӣ қонуни забон ҳастанд, прошу овозошона супоранд...

                                  Ҳабиб Саид, соли 1991, ш. Душанбе