Ҷаласаи калӯшҳо



                                                    
                                                    Ҷаласаи калӯшҳо
                                                            (Гротеск)
   Рафиқо коммунисто, пленуми фавқулодаи махфии калӯшдепутатҳоро оғоз менамоем. Имрӯз мо бояд масъалаи таъхирнопазири рӯз “Аҳмияти калӯш ва услубҳои фиреби омма”-ро дида буроем. Марҳамат, калӯшҳое, ки пешниҳод дошта бошанд фавран онро баён созанд, зеро вақти мо маҳдуд аст.
Калӯши нӯҳум: Рафиқо коммунисто, мо тавонистем, ки тавассути калӯш боз ба сари ҳокимият оем. Мо бояд ба калӯш ҳайкал гузорему совхозу колхозҳоямонро ба номаш монем. Ба шоиру нависандаҳоямон супориш диҳем, ки оиди калӯш достону румонҳо нависанду омӯзгорон онро ба барномаи мактабӣ дохил намуда, дар кӯдакистонҳо бо хори умумӣ сароянд. Бинобарин аз партияи коммунистӣ
талаб менамоям, ки дар устави наваш  оиди аҳмияти калӯш боби ҷадидеро бахшад.
Калӯши ҳафтум: Рафиқ котиби якуми парламон! Муҳона халқ диктатур мегуд, мо коммунисто аз ин буҳои баланд бениҳоят хурсандем, ки он насиби мо гаштааст. Ман таклиф мекунам ки дар парламони мо расми яке аз даспарварони ҳизби коммунист, диктатури номӣ Садом Ҳусейн овехта ба номаш яке аз совхозҳои тимсоҳпарвариамон монда шавад. Ман шунидам, ки диктатури Гаит Дювале ҷасади рақибонашро ба хориҷ мефурӯхтааст. Мо бояд тарзи корбарии ин шахси мӯътабарро дар кишварамон ҷорӣ созем. Аз як тараф соҳиби валюта мегардему аз дигар самт чашми мардумро метарсонем, то дигар даъвои адолату хақиқатро накунанд. Таклифи ман ҳатман ба овоз монда шавад!
Калӯши ҳаштум: Муҳонба гӯед, раисбова иттиҳодияи “Фатирпаз” барин ду сета иттиҳодия зарур, то дар вақти вазнинӣ бо востаи он ба ҳарифон фишор оварда онҳоро дар ҳолати таслимшавӣ гузорем. Бинобарин хоҳиш мекунам, ки иттиҳодияҳои “Кулчапаз”, “Чаппотипаз” кушода шавад.
Калӯши ёздаҳум: Ҳамин гӯед, домулло мо коммунисто як хатои бузург кардем, ки идораи қозиётро ба ихтёри диндорон гузоштем. Унҷаба гӯед, ягонта калӯш набудааст. Ман таклиф мекунам, ки намояндаи махфии калӯшҳоро бояд дар он ҷо ҷойгир намуда ин идораи сернуфузро пурра ба дасти худ дарорем. Чӣ туре ки радиою телевизионро ба ихтёри калӯшҳои худамон гузоштему дар рӯзҳои сиёҳ пушту паноҳи моён шуданд.
Калӯши шашум: Раисбова падари мана Хӯҷа Калӯш мегуфтанд, раҳматӣ то охири умраша мардума калӯшкатӣ бозӣ дароварда давр меронд. Илоҳӣ ҷояш ҷаннат шавад! Орзу дошт, чандта зовути калӯш кушода мардума як умр маркаб борин сувор шуда гардад, вале афсӯс, ки ин орзуи муборакаш ҷомаи амал напӯшид. Чӣ мешуд, ки қарор мебуровардем, ки зовути арақбурория ба калӯшбарорӣ  табдил диҳем. Бисёр кори савобе мебуд!
Калӯши сеюм: Маълим! Ман дар даври се соли калӯшдепутатиам то ҳол соҳиби ягон чиз нашудам. Набошад ман чиба калӯшдепутатиба розӣ шудам? Барои чӣ шумо калӯши дувоздаҳумба дута патаки махмалин тӯҳфа кардеду муҳонба не? Ман таклиф мекунам, ки хешутаборчигӣ дар байни калӯшдепутатҳо бас карда шавад. Набошад ман фраксияи калӯшдепутатҳоро тарк мекунам.
Калӯши якум: Рафиқо калӯшҳо, мо як чизи заруриро фаромӯш сохтем. Мо бояд кушем, ки дар парламон фраксияи калӯшзанҳоро барпо намоем, то онҳо ақидаҳои таълимоти калӯшизимро дар байни омма ташвиқ намоянду коргару деҳқона тезтар коммунизимба расонанд. Дар оянда кушид, ки созмонҳои калӯшҷавонону калӯшнаврасонро ташкил дод, то дар оянда онҳо давомдиҳандаи анъанаҳои мо бошанд.
Калӯши дувоздаҳум: Рафиқ котиби якум! Мо бояд шабу рӯз нагуфта, то анҷоми мавсими интихобот давем. Калӯшҳо бояд номзади арзандаи хешро пешниҳод бинмоянд. Агар калӯшеро ба курсии роҳбарият шинонем, боз панҷ соли дигар давр хоҳем ронд. Дар охир таклиф менамоям, ки ҷаласаи фавқулоддаи калӯшҳо пӯшида шавад, зеро маъракаи интихобот сония ба сония наздик шуда истодааст вақти маҷлисбозӣ нест! Ҳар калӯш дар атрофи хеш то сенздаҳ ҳазор калӯшро гирд оварда ба маъракаи интихобот омода созад, вагарна ёрон ҳоли мо табоҳ хоҳад шуд!
Калӯши дуюм: Рафиқи мӯҳтарам, калӯши дувоздаҳум дар бораи оянда аз байни калӯшҳо интихоб намудани Калӯшпрезидент бисёр суханҳои хуб гуфтанд. Бинобарин баҳри он ки Калӯшпрезидентамонро интихоб намоем, вазъияти фавқулода зарур аст, зеро ягон кори мо бе вазъияти фавқулода пеш намеравад. Кӯшиш кард ки “Фатирпаз” ба парламон фишор оварад, то вазъияти фавқулодаро аз нав барқарор кунем. Бародаро, аз бародарони ҳамхунамон ба ман барқия расид, онҳо дар се ҳавза номзадиашонро гузоштанд, фавран барои ғалабашон 99 ҳазор калӯш зарур. Вақти нишастан нест, раисбова пленума пӯшед!
   Рафиқо талклифи калӯшҳои дувоздаҳуму дуюмро ба инобат гирифта мо бояд ба кори амалӣ гузарем. Бинобарин чун сарвари калӯшҳо ҷаласаро пӯшидаю дарҳоро кушода эълон менамоям!

                                 Хабиб Саид, соли 1991, ш. Душанбе