Саллае андар каллаи қоқ




                                                  Саллае андар каллаи қоқ
                                                               (гротеск)
   Мӯҳтарам Каннибал!Раёсат аз кирдори нангини шумо ғамгин аст. Марде, ки як лаби пояш ба гӯр расидааст, саллаю ҷома, маҳсиву калӯшро ба чор тараф ғурронда либосҳои низомиро пӯшида мастомаст ба кӯча мебарояд.” Ман генерали КГБ очаи зори демократу растохезаша нишон медиҳам” гуфта бо таппонча ба ҳаво тир холӣ менамояд. Мебинад, ки дар кӯча аллакай касе намондааст, ба парондани зоғҳо шурӯъ мекунад. Дид ки тирҳояш ба ҳадаф  нарасида истодааст, хари ҳамсояро, ки дар назди дарвоза бастаанд, ба нишон мегирад. Худоё! Ин чӣ аблаҳии гӯшношунида? Чекисти номӣ харро парондааст! Худо накунад ин бадномӣ ба хориҷа барояд, он гоҳ вой бар ҳолӣ мо. Магар чунин
рафтор ба шаъни афсари разведка мезебад?Дар аёме ки рӯз ба рӯз нуфузи аҳли тақво афзудаю мавқеъи мо сония ба сония заиф гашта истодааст, шумо хоинвор рафтор намуда аз пас ба бародарони ҷониатон корд мезанед. Мо шабу рӯз нагуфта давида истодаем, ки ҷомеъаро рӯҳан баҳри интихоботи қозӣ, бо тарзи умумихалқӣ омода созем. Аммо шумо дар ғами онед ки чӣ тур ишкаму рӯдаатонро бо хӯришҳои лазиз пур созеду бо ойимчаҳо ишқ варзед. Ҳангоми бозгаштатон аз сафари хориҷа, дар Маскав худро ба ходимони меҳмонхона чун шоҳзодаи ҳабаш муаррифӣ намуда, то субҳ бо онҳо маишат карда ин спектаклро бо дастгиребоншави бо озариҳои шалғамфурӯш анҷом додед. Ин маймунбозиатонро бо азобе рӯпӯш бинмуда будем, ки дигарашро оғоз намудед. Пас аз рӯйдоди Маскав хостанд, ки кафшатонро ба пеш гузоранд, вале нолаву зориҳои шумо ба “Манқурт” асар намуда ва самти дигар шуморо чун мутахассиси беҳтарин дар соҳаи исломшиносӣ аз даст додан нахостанд. Лаҳзае ки кор бурдан ба мо соат ба соат душвор гашта истодааст, ва ҳар як қадами худро мо бояд санҷида бигузорем, шумо яке аз суперагентҳои мо ниқоб аз симои хеш кашида ”Ман генерали КГБ” мегӯед. Ин аблаҳии гӯшношунидест! Ё рӯзи он расидааст, ки шуморо ба табобатгоҳи Куктош бадарға намоем. Шояд боду ҳавои он ҷо шуморо ба худ орад. Қариб буд ки бо касофатии шумо амалиёти ”Қозӣ” барбод равад. Мо ҳоло бо воситаи одамонамон кӯшида истодаем, ки зудтар аз парламент “Қонун дар бораи бо тарзи умумихалқӣ интихоб намудани “қозӣ”-ро гузаронем. Мо бидуни шумо номзади арзандаеро намебинем, то бар зидди намояндаи қозиёт баромада тавонад. Баҳри ҳар як суперагентро тайёр намудан, чанд даҳсола заҳмат кашидан рост меояд. Мо ҳамаи услубҳои мақбулу номақбулро ба кор мебарем, то ки шумо дар ин муҳориба ғолиб оед. То ин идораи сернуфузро зери даст нагирем, дину диндоронро идора карда наметавонем. Раёсат ба хулосае омад, ки баҳри интихоботи дар пеш истода: қанд, орд, биринҷу равғанро гирд оварад, то шуморо дар ин набарди шадид ёру мададгор шавад. Бо супориши мо оиди шахсияти мубораки шумо филми телевизонии 13 қисма ба анҷом расидааст, ки дар арафаи интихобот ба намоиш меравад. Нашриётҳо оиди ҳаёти шумо китобҳои мухталифро ба нақша гирифтаанд. Рӯзноманигороне, ки дар хизмати моянд шабу рӯз нагуфта перомуни шумо мақолаву очеркҳо хоҳанд навишт. Шоирони аз хазинаи мо маошхӯр тасмим бигирифтанд, ки бахшида ба шумо достонҳои калонҳаҷм эҷод намоянд. Яке аз шоирони маошхӯр унвони достонашро ба банда нишон дод ки “Саллаи шумо парчами дурахшони коммунизм аст” ном доштааст, ки бениҳоят писандам омад. Ҳоло раёсат ба хулосае омад ки ба деҳаи шумо баҳри гузаронидани амалиёти “Уштрурро дидӣ? Не!” десант партофта мардумро дар фосилаи кӯтоҳтарин кор карда барояд. Шумо худро аз ҳоло ба мубориза омода созед! Маркази матбуотии мо баҳри мусоҳибаи телевизионӣ, саволҳоро мураттаб намуда истодааст. Шумо бояд услуби саллабандиатонро дигар намоед. Дар каллаи қоқ ин қадар саллаи бадвоҳимаро бастан ҳам як аз нишонаҳои бемағзии калла аст. Ифодаи чашмонатонро бояд тағир дод. Шахсе ки бори нахустин шуморо мебинад фавран дарк месозад, ки дар наздаш дасисабозу занбоз номарду хоин истодааст. Шумо бояд ин сифатҳои баҳри идораи мо заруриро аз мадди назари мардум ниҳон доред.
Худо накунад, ки то рӯзи интихобот ягон маймунбозии навро оғоз намоед, он гоҳ...

                             Ҳабиб Саид, соли 1992, ш. Душанбе.