Дастурамали махфӣ




                                                     Дастурамали махфӣ
                                                              (гротеск)
   Рафиқи мӯҳтарам, М. К.! Номаатонро дӯстон ба ман расонданд. Лаҳзае, ки онро мехондам аз чашмонам ашк мешорид.Худоё! Чӣ рӯзҳои сангинеро ба сари мо – коммунистон овардӣ? То дирӯз мо ҳокими ин диёр будему имрӯз пинҳони аз мардум, дар мурғхонае пленуми фавқулоддаи худро мегузаронем. Ин рӯзҳои вазнин баҳри мо коммунистон абадӣ нестанд! Агар дар интихобот намоядаи худро ба курсии президентӣ шинонда тавонем, корди мо боз ба равған ғӯтид. Пленум танҳо масъалаи “Ваъзи кунунии коммунистон, интихоби  Раиси ҷумҳур”-ро дида, ба хулосае омад, ки чун пешвоямон Иличи Аъзам ҳамаи роҳҳои ба сари ҳокимият омаданро бояд истифода барем.
Пленум қарод дод, ки шумо дар деҳоти атроф корҳои зеринро ба анҷом расонед:
1. Дар байни ҷомеъа оиди зиндагию корномаҳои Владимир Илич сӯҳбатҳо ороста, ӯро то дараҷаи пайғамбарӣ боло бардоред. Ҳамон сабти машҳури видеои телевизионро, ки мардумро ба ангезиш овард, харида шикастани ҳайкали доҳиро гаштаю баргашта ба халқ нишон диҳеду нисбати демократҳо нафратро даҳ чанд афзоед. Ду рӯз пеш аз интихобот, ҳайкали Владимир Иличро, ки дар даромадгоҳи идораи колхоз меистад, шабона ноаён сарнагун намоеду дар ҷойи ҳодиса баъзе шумораҳои рӯзномаҳои демократҳо “Сухан”, “Чароғи рӯз”, ”Адолат”-ро партоед. Фардо ба чор тараф ҷор занед, ки “Бубинед мардум, демократҳои лаъин чӣ гуна номарданд? Ва агар онҳо ба сари ҳокимият оянд, ҳоли мо мардуми бечора чӣ хоҳад шуд?”
2. Домуллоҳоеро, ки тарафдори қозиянду дар байни мардум нуфуз доранд, шизофрейник гуфта, ба беморхонаҳои мухталиф хобонеду домуллоҳои худамон - чекистони салладорро ба майдон дароред, то халоиқро ба манфиати номзади мо моил созанд! Муаллимону рӯшанфикронеро, ки рӯирост бар зидди номзади мо баромад мекунанд бо воситаи военком ба машқҳои думоҳаи ҳарбӣ даъват намоед!”
3.Оиди номзадамон ҳар гуна қиссаву ривоятҳо паҳн созед, ки дар он ӯ нақши мусбатро бозад. Ба зиёиёне, ки ба мо содиқанд супориш диҳед, ки ӯро ба мардум чун Шоҳи Одил муаррифӣ намоянд.
4. Агар номзадҳои демократ дар деҳа пайдо шаванд, ҳаракат намоед, ки вохӯриҳояшон барпо нагардад. Рафту вохӯрӣ амалӣ гардад, ҷанҷол бархезонед, ё чароғро хомӯш созед. Дидед, ки дигар услубҳо ба кор намераванд, биноеро,ки дар он вохӯрӣ рафта истодааст, оташ занед!
5. Матбуоти дар деҳаҳо паҳншавандаро зери назорат гиред! Рӯзномаву мачаллаҳое, ки оиди номзади мо навиштаҷоти манфӣ дарҷ карданду намояндаи демократҳоро таъриф намуданд, маҳв намоед! Кори манораи мавҷпахшкунандаи телевизионро аз мадди назар дур нагузоред! Барномаҳое, ки бар зарари номзади мову бар фоидаи демократҳост, сифаташро коҳиш диҳед, то бинанда чизеро нафаҳмад.
6. Кӯшед, то мардуме, ки тӯю сур доранд онро пеш аз итихобот гузаронанд ва бояд халоиқро то рӯзи интихобот, чун тӯдаи афсунгашта нигоҳ дорем. Барандаҳо пеш аз ҳар баромад ситоиши номзади моро намоянд.”Красний Борбад” ҳатман ширкат варзад! Ӯ бо муроҷиати дӯстдоштааш “халқи азизам” омиёнро мафтуни худ месозад. Бояд баромадҳояшро бо суруди писандидаи мо коммунистон, “Ду се кас рафтем Масков ба саломи Ленин” оғоз намояд! Оиди сафарҳои хориҷиаш сухан карда, зиндагии вазнину даҳшатангези он ҷойро бо ҳазор ранг тасвир намояду ҳаёти серу пури моро пеши назари ҳозирон оварда ба ҳизби коммунистӣ минатдории хешро баён созад!
7. Рӯзи интихобот, дуртар аз кулбаи овоздиҳӣ фурӯши калӯшу қанд,биринҷу орд оғоз меёбад. Гарчанде, ки мо аз сари ҳокимият рафтаем, вале структурааш пурра дар дасти мост, бинобар ин, ба намояндагони савдо супроишҳои махфӣ дода шудааст, ки то рӯзи интихобот, ҳамаро омода созанд. Фурӯш бояд чунин сурат бигирад: овоздиҳандагон нахуст харид кунанду сипас ба кулбаи овоздиҳӣ дароянд. Дар дохили калӯш расми номзади мо бо табрикномаи “ Почаҳакотон дарда набинанд” ё андар халтаи биринҷ “Ошқазонатон аз оши палав пур шавад” ва монанди инҳо меистанд. Ҳини пайдо шудани рӯзноманигорон фурӯшро фавран қатъ кунед! Боз фардо матбуот намояндаи моро Калӯшпрезидент нагӯяд.
8.Дақиқаҳои душвортарину пурмасъуляттарини кори мо ҳангоми торикӣ оғоз меёбад. Хонае, ки дар он овоздиҳӣ амалӣ мегардад, ҳатман дорои парда бошад, то рӯшанӣ берун набарояд. Дар вақти муайян ҳамаи чароғҳо хомӯш мегардаду одами мо фавран блютенҳои пинҳониро ноаён ба қуттӣ мепартояд.
Саломат бошед!
Фаромӯш накунед, ки ин рӯзҳои сангин  хоҳанд гузашт!
 Фаромӯш накунед, ки дар чайлаи Разлив доҳиамон чӣ рӯзҳои сахтеро сипари карда буданд.
Фаромӯш накунед, ки сарварамон рафиқ Шабдолов барои аз сари қудрат сарнагун сохтани арӯсаки демократҳо Аслонов бо бародарони мо ҷониию нони мо пантуркистону регионалистҳо дар як саф истода, чӣ қахрамониҳое нишон надоданд!
Вакте ки рӯҳафтода шудед, китоби  мукаддаси мо коммунистон “Капитал”-ро варақ бизанед!
Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!
Ба пеш ба сӯи коммунизими дурахшон!